Оиди Осорхона

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва
мулоқот бо зиёиёни кишвар


Муфассал


Хабарҳои осорхона

Хабарҳои охирини осорхона



Ҷолиб

Осорхона дар рақамҳо

Осорхонаи миллӣ яке аз ҷойҳои тамошобоб ва объектҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон буда, ҳамасола шумораи зиёди тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Аз ҷумла, дар соли 2022

0

Тамошобин

0

Дохилӣ

0

Хориҷӣ

Чорабиниҳо

Намоишу чорабиниҳо

Видео – сайри осорхона

Як экспонат

Намунаи гаҷкорӣ

Гаҷ. Баланди: 53 см, дарозӣ: 143 см. Рӯйи ин гаҷпора ба шакли наботӣ ва ҳам навиштаҷот оро дода шудааст. Дар қисмати болоии он 7 адад тасвироти номаълум ба шакли мудаввар сохта шудааст. Дар қисмати поёниаш бошад, бо хатӣ куфии арабӣ навиштаҷот нигошта шудааст.

Қисматҳои болоӣ ва поёнии навиштаҷот бо доирачаҳои хурд зиннат дода шудааст, ки ин аз ҳунари волои гаҷкорони аҳди бостон гувоҳӣ медиҳад. Асрҳои IX-X. Ҳулбук.


Шахсиятҳо

Меҳмонони сатҳи баланд

Сергей Шойгу

Сергей Шойгу

Вазири мудофиаи Федератсияи Россия (21.06.2015)
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Призиденти Туркманистон       (02.11.2017)
Сооронбой Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (02.02.2018)
Мамнун Ҳусейн

Мамнун Ҳусейн

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон (20.06.2018)
Владимир Норов

Владимир Норов

Дабири кулли СҲШ (18.05.2019)
Майтрипала Сирисена

Майтрипала Сирисена

Президенти ҶДС Шри-Ланка (14.06.2019)

Ташаккур барои ҳифзи таърих, анъанаҳо ва хотира, ки дар умқи асрҳо реша доранд. Таҳвили ин ёдгориҳои бебаҳо ба наслҳои оянда, халқу кишвар ва дӯстӣ бо ҳамсоядавлатҳоро мустаҳкам менамояд.
Сергей Шойгу
Вазири мудофиаи Федератсияи Россия
Бениҳоят ҷолиб буд. Тоҷикистон кишвари хеле меҳмоннавоз аст. Ташаккур.
Ҳусейн Ҳасанов
Блогер аз Федератсияи Россия
Ба халқи бародари тоҷик саодатмандӣ, ободӣ ва ҳамагуна муваффақиятҳоро таманно менамоям.
С.Ш.Жээнбеков
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Экспонатҳои осорхона таассуроти хеле бузурге мебахшанд. Тарзи ба намоиш гузоштани маводҳо дар сатҳи хеле баланд мебошанд. Ба таври умумӣ метавон гуфт, ки осорхона ва кормандони он фарҳанги бостонии халқи тоҷикро муаррифӣ менамоянд, ки он барои тарбияи насли наврас хело муҳим мебошад.
Барои ҳайати кормандони осорхона дастовардҳои наву бузургро таманно менамоям.
Элдар Азизов
Раиси шаҳри Бокуи Озорбойҷон
Маҷмӯаи хеле таъсирбахш ва макони ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра, ки дар бораи дастовардҳои мардум ва кишвар нақл мекунанд. Ташаккури зиёд барои фароҳам овардани имконият ва боздид аз ин макони осори ниёгон!
Армида Алисҷабана Салслаҳ
Муовини Дабири кулли СММ
Фарҳанг ва тамаддун рамзҳои муҳими Тоҷикистон мебошанд. Танҳо бо дарки таърих мо мефаҳмем, ки чаро Тоҷикистон як ҷузъи муҳими инсоният аст ва ба насли оянда хуб муаррифӣ шудааст.
Ризо Деғотӣ
Фотожурналист аз Ҷумҳурии Фаронса
Ташаккур барои пешвозгирии самимӣ.
Бо орзуҳои беҳтарин.
Ғода Фатҳӣ Волӣ
Муовини Дабири кулли СММ
Ман шодам, ки ба кишвари зебои шумо ва ба ин осорхонаи зебо ташриф овардам. Ман шодам, ки ин кишвар таҳти роҳбарии Пешвои бузург бо суръат рушд мекунад. Меҳмоннавозӣ ва одоби зебои шумо маро бештар ба худ ҷалб кард. Ман мехоҳам, ки муносибатҳои байни ду кишвари мо рушд, таҳким ва ҳамкориҳои дуҷониба муддати тӯлонӣ идома ёбанд.
Майтрипала Сирисен
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка
КоллекСияҳо

Коллексияҳои нодири осорхона

КУЛОЛГАРӢ

КУЛОЛГАРӢ

Кулолгарӣ – хунарест, ки аз лои махсус зарфхову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст.
ГУЛДӮЗӢ

ГУЛДӮЗӢ

Гулдӯзӣ - як навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст.
КАНДАКОРӢ

КАНДАКОРӢ

Кандакорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ки ҳазорсолаҳо қабл истифода шуда, то ба замони мо расидааст.
КУНДАЛ

КУНДАЛ

Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ мехонандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад.
МИСГАРӢ

МИСГАРӢ

Ҳунари мисгари яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Яке аз бонуфузтарин хонадони тоҷик Сафор (мисгар ) маъруф ва машҳур мебошад ки ин хонадон касбу корашон мисгари буд.
РАССОМОНИ РУС

РАССОМОНИ РУС

Дар замони шӯравӣ ба рушду нумӯи санъати тасвирии Тоҷикистон аҳамияти хоса дода мешуд. Дар инкишофи санъати тасвирии Тоҷикистон ва тарбияи мусаввирон саҳми рассомони рус назаррас мебошад.